Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Селҳои вайронгар дар Нуристони Афғонистон 20 кушта ва беш аз 80 захмӣ барҷо гузошт
Гурӯҳи террористии Толибон эълом карданд, ки дар пайи селҳои вайронгар дар шаҳри Парун, маркази вилояти Нуристон, 20 тан ҷон бохтанд ва беш аз 80 тани дигар захмӣ шуданд.
Хабаргузории “Бохтар”, таҳти назорати Толибон, рӯзи душанбе, гузориш додааст, ки дар ин рӯйдод беш аз 100 тан низ нопадид шудаанд ва амалиёти ҷустуҷӯ ҳамчунон идома дорад.
Юсуф Ҳамод, сухангӯи Идораи омодагии мубориза бо ҳаводиси Толибон, гуфтааст, ки тимҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ барои расидагӣ ба вазъияти осебдидагон ва ёфтани афроди нопадидшуда ба маҳал фиристода шудаанд.
Ӯ афзудааст, ки бо идомаи амалиёти имдодрасонӣ, эҳтимоли тағйири омори талафот ва осебдидагон вуҷуд дорад.
Толибон пештар низ эълом карда буданд, ки дар пайи боришоти шадид ва ҷорӣ шудани селобҳо дар ноҳияи Мандули вилояти Нуристон, хисороти қобили таваҷҷуҳи молӣ ба бошандагони ин минтақа ворид шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”