Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Тоҷикистон дар СММ доир ба нақши технологияҳои рақамӣ ва футбол чорабинӣ баргузор кард
Тавре ки маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ ва дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Як ҷаҳон, як бозӣ, як ҳадаф: Футбол ҳамчун омили пешбурди солимии равонӣ ва некӯаҳволии ҷавонон» баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ ноиби якуми Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, президенти FIFA Ҷованни Инфантино ва ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон Фелипе Пауллиер иштирок намуда, нақши футбол ва технологияҳои муосирро дар таҳкими солимии равонӣ, рушди ҷавонон ва густариши ҳамгироии иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ карданд.
“Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, футбол метавонад бо истифода аз платформаҳои рақамӣ, воситаҳои муосири иртиботӣ ва ҳалли инноватсионӣ барои ҷалби бештари ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, тарғиби арзишҳои инсонӣ ва рушди фарҳангӣ мусоидат намояд”, - навиштааст манбаъ.
Дар доираи чорабинӣ видеои маъракаи «Тӯбро ба дигар нафар парто», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ Тоҷикистон таҳия гардидааст, намоиш дода шуда, истифодаи васеи воситаҳои рақамии иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба масъалаҳои солимии равонӣ ва некӯаҳволӣ намунаи муваффақи ҳамгироии варзиш ва технология арзёбӣ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”