Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Миёни Тоҷикистону Чин дар самти технология, инноватсия ва рақамикунонии соҳаи саноат созишномаҳо ба имзо расиданд
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар маросими баимзорасонии созишномаҳо, ки дар доираи Конфронси умумиҷаҳонии зеҳни сунъӣ (WAIC) дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳоро вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ба имзо расониданд.
Манбаъ навиштааст, ки созишномаҳои баимзорасида ба густариши ҳамкорӣ дар самти технологияҳои пешрафта, инноватсия ва рақамикунонии соҳаи саноат равона гардидаанд.
“Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши сатҳи баланд аз талошҳои пайвастаи кишвар ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва татбиқи роҳкорҳои инноватсионӣ дар рушди соҳаи саноат шаҳодат медиҳад”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки зимни маросим Шералӣ Кабир аҳамияти таҳкими ҳамкориро бо шарикони байналмилалӣ таъкид намуда, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав иброз дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”