27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:32, Душанбе
17.07.2026 11:31

Раиси ҷумҳури Бразилия: “Дар баробари фишорҳои Амрико таслим нахоҳем шуд”

Луис Инасиу Лула да Силва, раиси ҷумҳури Бразилия, дар вокуниш ба иқдомҳои нави Вашингтон алайҳи кишвараш таъкид кардааст, ки Бразилия ба Амрико имтиёз нахоҳад дод ва аз ҳокимияти иқтисодӣ ва сиёсии худ дифоъ хоҳад кард.

Ба гузориши расонаҳои ҷаҳонӣ Лула субҳи ҷумъа дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст: “Бразилия бидуни ҳеч шак барои ҳокимияти худ мубориза хоҳад кард”.

Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки Намояндагии тиҷоратии Амрико (USTR) пас аз як соли таҳқиқ дар бораи ончи Вашингтон “равишҳои тиҷории ноодилона”-и Бразилия мехонад, эълом кард, ки аз 22-уми июл барои бахше аз воридоти Бразилия тарифи 25-дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард.

Ҳамзамон, Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико, дар шабакаи иҷтимоии “Х” иддао кард, ки Лула да Силва ва давлати ӯ дар музокирот бо Вашингтон “бо ҳусни ният” амал накардаанд.

Рубио зимни интиқод аз сиёсатҳои иқтисодии Бразилия иддао кард, ки “сиёсатҳои иқтисодии Лула ҳам ба зиёни амрикоиҳо ва ҳам ба зиёни мардуми Бразилия аст ва ӯ дар як соли гузашта манфиатҳои мардуми Бразилияро фидои мавзеъгириҳои шахсии худ кардааст. Ин тарифа баҳои он аст”.

Пеш аз ин Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пешниҳоди ҷорӣ кардани тарифи 50-дарсадӣ бар молҳои Бразилияро матраҳ карда буд, аммо баъдан аз он сарфи назар кард.

Ӯ ҳамчунин, Бразилияро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам карда ва ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи муҳокимаи Жаир Болсонару, раиси ҷумҳури пешини Бразилия, алайҳи ин кишвар иқдомҳои иқтисодии бештареро рӯйи даст хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи “CNN” бо истинод ба оморҳои тиҷоратии Амрико гузориш додааст, ки ҳарчанд банди 301-и Қонуни тиҷорати Амрико маъмулан алайҳи кишварҳое истифода мешавад, ки бо Иёлоти Муттаҳида моҷарои бузурги тиҷоратӣ доранд, Вашингтон соли гузашта дар тиҷорати молҳо бо Бразилия 14,4 миллиард доллар равобити тиҷоратӣ доштааст, ки нисбат ба соли пеш аз он 112,8 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.