Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Иштироки муовини вазири корҳои хориҷӣ дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ
16-уми июл дар шаҳри Брюссел муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар 13-умин Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Тавре ки имрӯз, маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни нишаст ҷараёни рушди мушорикат байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ ва устуворӣ, инчунин, раванди иҷрои тавофуқоти нахустин Саммити ИА ва Осиёи Марказӣ ва «Харитаи роҳи муштараки ИА ва Осиёи Марказӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Манбаъ афзудааст, ки дар рафти сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирокчиён бобати тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мубориза бо терроризм, пешгирии ифротгароии хушунатомез ва радикализм, мудирияти сарҳадҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамёрии минтақавӣ дар соҳаи об, инчунин, мавзуъҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”