Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Назарсанҷии Рейтерз: Иқтисоди кишварҳои Халиҷи Форс имсол бо коҳиши бештар рӯбарӯ хоҳад шуд
Як назарсанҷии “Рейтерз” нишон медиҳад, ки иқтисоди бештари кишварҳои Халиҷи Форс дар соли ҷории милодӣ бо коҳиши шадидтар нисбат ба пешбиниҳои қаблӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, аммо эҳтимол дорад дар соли 2027 дубора рушд кунад.
Рейтерз рӯзи панҷшанбе, 16-уми июл, гузориш додааст, ки идомаи танишҳо миёни Амрико ва Эрон ва баста мондани бахши бузурги тангаи Ҳурмуз, содироти нафт ва гази кишварҳои минтақаро бо мушкил рӯбарӯ кардааст.
Бар асоси як назарсанҷӣ аз иқтисоддонҳо, ихтилол дар масирҳои интиқоли энержӣ ва коҳиши умедҳо барои коҳиши танишҳо, боис шудааст, ки пешбинии рушди иқтисодии кишварҳои Халиҷи Форс нисбат ба се моҳи пеш коҳиш ёбад.
Қимати нафт дар моҳи ҷорӣ наздик ба 20 дарсад афзоиш ёфта ва ба ҳудуди 85 доллар барои ҳар бушка расидааст, аммо афзоиши қимати нафт натавонистааст коҳиши ҳаҷми содирот, хароҷоти бештари интиқол ва коҳиши эътимоди сармоягузоронро ҷуброн кунад.
Дар миёни кишварҳои узви Шурои ҳамкории Халиҷи Форс, танҳо Арабистони Саудӣ ва Умон эҳтимол дорад дар соли ҷорӣ рушди иқтисодӣ дошта бошанд, зеро вобастагии камтаре ба масири тангаи Ҳурмуз барои содироти нафт доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”