Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ҷей Ди Вэнс Исроилро ба талош барои барҳам задани музокироти Амрико ва Эрон муттаҳам кард
Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, Исроилро муттаҳам кардааст, ки аз корзорҳое бо ҳадафи ноком кардани музокирот миёни Вашингтон ва Теҳрон барои поён додан ба ҷанг, ҳимояти молӣ мекунад.
“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 16-уми июл, гузориш додааст, ки Вэнс гуфтааст як барнома “тарҳрезишуда ва бо буҷети калон” талош дорад музокиротро барҳам занад ва монеъи дастёбӣ ба тавофуқ шавад.
Вэнс гуфтааст: “Гурӯҳе аз афрод, ки ба таври мустақим аз сӯйи яке аз аъзои пешини ситоди интихоботии Трамп пул дарёфт кардаанд: шахсе, ки худ низ аз бархе унсурҳо дар дохили давлати Исроил пул гирифта буд. Ҳамин афрод башиддат ба ман ҳамла мекунанд”.
Ӯ ҷузъиёти бештари ин иддаоҳоро ироа накардааст ва мақомоти исроилӣ низ то кунун ба изҳороти муовини раиси ҷумҳури Амрико вокунише нишон надодаанд.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанг ва дастёбӣ ба тавофуқ миёни Амрико ва Эрон то кунун ба натиҷа нарасида ва даргириҳо миёни ду тараф дар рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”