27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:32, Душанбе
16.07.2026 12:16

Расонаи амрикоӣ: Вашингтон имкони амалиёти низомӣ алайҳи Кубаро баррасӣ мекунад

Расонаи амрикоии “CBS News гузориш додааст, ки барномарезони низомии Иёлоти Муттаҳида чандин сенарияи эҳтимолии амалиёти низомӣ алайҳи Кубаро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, яке аз ин тарҳҳо анҷоми ҳамлаи ҳавоӣ бо ҷалби ҳазорон сарбози амрикоӣ мебошад.

Ба навиштаи ин расона, ду мақоми амрикоӣ гуфтаанд, ки дар сурати иҷро шудани чунин амалиёт, он эҳтимолан аз ҷониби Дивизияи 101-уми ҳавобурди артиши Амрико анҷом хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин манобеъ, ин воҳид барои чунин амалиёт омӯзиш дидааст.

Бо вуҷуди ин, мақомоти амрикоӣ таъкид кардаанд, ки таҳияи чунин нақшаҳо ба маънои қабули тасмими ниҳоӣ аз ҷониби Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ё Вазорати ҷанги ин кишвар барои ҳамла ба Куба нест.

“CBS” ҳамчунин, гузориш додааст, ки ҳар гуна амалиёти низомӣ алайҳи Куба бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, зеро бахши қобили таваҷҷуҳи тавон ва захираҳои низомии Амрико ҳоло дар Ховари Миёна мустақар буда, ба амалиётҳои низомии ин кишвар марбут мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико, ҳамоно аз гузариши қудрат дар Куба тавассути роҳи дипломатӣ ва ташкили ҳукумате ҷонибдорӣ мекунад, ки омодаи ислоҳоти иқтисодӣ бошад.

Ба гузориши “CBS”, Пентагон моҳи гузашта нишасте барои баррасии ибтидоии имконоти амалиёти низомӣ баргузор кардааст. Дар чунин баррасиҳо маъмулан аҳдофи амалиёт, теъдоди неруҳои лозим, масъалаҳои логистикӣ, ҷадвали замонӣ ва хатарҳои эҳтимолӣ арзёбӣ мешаванд.

Ин расона, инчунин, аз ихтилофҳои дохилӣ дар ҳукумати Амрико дар бораи сиёсати низомӣ хабар додааст. Бар асоси ин гузориш, баъзе манобеъ мегӯянд, Доналд Трамп дар маҳфилҳои хусусӣ аз ҷараёни баъзе амалиётҳои низомӣ изҳори норозигӣ кардааст, ҳарчанд дар изҳороти оммавӣ аз раҳбарияти низомии кишвараш ҳимоят намудааст.

Дар ҳамин ҳол, Анна Келлӣ, сухангӯи Кохи Сафед, ин иддаоҳоро рад карда, гуфтааст, ки раиси ҷумҳур аз раҳбарии мақомоти низомии Амрико дар ҷараёни амалиётҳои ахир пурра ҷонибдорӣ мекунад.

Ҷоэл Валдез, сухангӯи муваққатии Пентагон низ дар посух ба пурсиши “CBS” гуфтааст, Вазорати ҷанг дар бораи амалиётҳои эҳтимолии низомӣ изҳори назар намекунад ва аз шарҳи гуфтугӯҳои хусусии миёни вазири ҷанг ва раиси ҷумҳур худдорӣ кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.