27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:32, Душанбе
15.07.2026 18:24

Малайзия: Ҳар шаҳрванди исроилӣ дар сурати шиносоӣ шудан фавран ихроҷ хоҳад шуд

Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия, рӯзи чоршанбе эълом кард, ҳар шаҳрванди Исроил, ки дар ин кишвар шиносоӣ шавад, фавран ихроҷ хоҳад шуд. Ин изҳорот ҳамзамон бо баррасии иддаоҳо дар бораи иштироки як шаҳрванди исроилӣ дар фаъолиятҳои як маҷмааи иқоматӣ дар иёлати ҷанубии Ҷуҳур баён шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолӣ”, нахуствазири Малайзия гуфтааст, ки ниҳодҳои марбута иддаоҳои вобаста ба даст доштани як шаҳрванди исроилӣ дар фаъолиятҳои як маҷмааи хусусии иқоматиро дар Ҷуҳур таҳқиқ мекунанд. Ӯ афзуд, ки агар дурустии ин иддаоҳо таъйид шавад, давлат ҳеч гуна нармиш нишон нахоҳад дод.

Анвар Иброҳим таъкид кардааст: “Агар ҳар шаҳрванди Исроилро пайдо кунем, фавран ӯро ихроҷ хоҳем кард, зеро Малайзия Исроилро ба расмият намешиносад”.

Малайзия аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки Исроилро ба расмият намешиносад ва дорандагони гузарномаи исроилӣ ба таври умум, бидуни дарёфти асноди махсус, ҳаққи вуруд ба ин кишварро надоранд.

Ин таҳқиқот пас аз он оғоз шуд, ки давлати иёлати Ҷуҳур хостори анҷоми таҳқиқоти федералӣ дар бораи марказе бо номи “Нетворк Скул” (Network School) гардид. Ин марказ як маҷмааи хусусии иқоматӣ ва омӯзишӣ буда, дар минтақаи “Форест Ситӣ”-и иёлати Ҷуҳур фаъолият мекунад.

Вазорати корҳои дохилии Малайзия таҳқиқоти худро оғоз кардааст. Идораи муҳоҷирати ин кишвар низ рӯзи чоршанбе эълом намуд, ки баррасии вазъи 266 шаҳрванди хориҷӣ дар ин маҷмаа нишон медиҳад, ки ҳамаи онҳо дорои санадҳои қонунии муҳоҷиратӣ мебошанд, аммо таҳқиқот дар бораи иддаоҳои матраҳшуда ҳамоно идома дорад.

Бар асоси гузориши “Ченнел Нюс Эйша” (Channel News Asia), “Нетворк Скул” худро як маҷмааи хусусии иқоматӣ ва омӯзишӣ барои корофаринони фанноварӣ, бунёнгузорони стартапҳо, барноманависон ва коргарони фосилавӣ муаррифӣ мекунад.

Ин маҷмаа дар рӯзҳои ахир пас аз интишори иддаоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳузури шаҳрвандони исроилӣ дар барномаҳои он бо истифода аз гузарномаҳои кишвари дувум, дар меҳвари таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.