27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:32, Душанбе
15.07.2026 16:32

Расонаи исроилӣ: Бинёмин Нетаняҳу ҳафтаи оянда ба Амрико меравад

Манобеи исроилӣ гуфтаанд, ки Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими Исроил, рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда ба Вашингтон меравад то дар канори иштирок дар маросими дафни сенатор Линдси Греҳам, ки ба тозагӣ даргузашт, бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дидор кунад.

Расонаи “Вайнет”, рӯзи чоршанбе, 15-уми июл, гузориш дода, ки ин сафари нахуствазири Исроил дар замони оғози муҳосираи муҷаддади бандарҳои Эрон аз сӯйи Амрико дар пайи дидор бо раиси ҷумҳури Амрико аст, аммо то кунун ҳеч дидоре миёни ду ҷониб барномарезӣ нашудааст.

Бар асоси гузориш, манобеи исроилӣ гуфтаанд, ки Исроил мехоҳад қабл аз музокироти байни Иёлоти Муттаҳида ва Теҳрон дар мавриди як тавофуқи доимӣ, тамоми маълумоти иттилоотии худро дар ихтиёри Вашингтон қарор диҳад.

Манобеи исроилӣ ҳамчунин, афзудаанд, ҳадафи дигари сафари Нетаняҳу ба Вашингтон ин аст, ба амрикоиҳо ёдоварӣ шавад, ки бояд бар ин нукта пофишорӣ кунанд, ки ҳар гуна тавофуқе шомили таҳдиди мушакҳои болистик ва ҳимояти Эрон аз гурӯҳҳои ниёбатиаш низ бошад.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳое аз таниш дар равобити Исроил ва Амрико бар сари мавзӯи Эрон ва Лубнон мунташир шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.