Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Барои дарёфти гранти президентӣ ба Кумитаи кор бо занон беш аз 900 лоиҳа ворид шудааст
Тибқи иттилои Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли равон барои дарёфти гранти президентӣ 945 лоиҳа пешниҳод гардидааст.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки ҳоло лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи озмун баррасӣ карда мешаванд.
Афзуда шуд, ки дар соли сипаригашта 200 зани ҳунарманду соҳибкор ба маблағи умумии 15 миллион сомонӣ соҳиби гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд, ки дар натиҷа 1225 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки барои дастгирии фаъолияти бонувони соҳибкор аз соли 2006 инҷониб дар ҳудуди кишвар гранти президентӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳар сол барои пешбурди тиҷорату ҳунар ба бонувон дастрас мегардад. Ин ташаббуси Пешвои миллат ба бонувоне нигаронда шудааст, ки қодиранд ҳам ҳаёти худ ва ҳам аз чандин занони бекорро беҳтар намоянд.
Бояд гуфт, ки доираи фаъолияти соҳибкории занон, ки гранти президентӣ мегиранд, хеле васеъ буда, онҳо ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ, парвариши чорвову парандаву моҳӣ, коркарди меваи хушк ва ғайраҳо шуғл меварзанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”