Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Президенти кишвар бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 14-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, бинои мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва беҳдошти сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва технологияҳои рақамӣ таъмин мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар маҷмуъ дар бинои нав инфрасохтори зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти адлия муҳайё гардидааст. Аз ҷумла дар бинои мазкур ҳуҷраҳои кории роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ, маркази қабули шаҳрвандон, толорҳои маҷлисӣ, машваратӣ, китобхона, ҳуҷраҳои хизматӣ, компютерӣ, видеоконференсия, типография, ошхона, анборҳо, толори машқ бо таҷҳизоти варзишӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зидди сӯхтор ва ғайраҳо мавҷуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”