Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Дар ним сол ҳашт муноқишаи гурӯҳии ноболиғон пешгирӣ шуд
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғони милитсияи пойтахт ҳашт ҳолати муноқишаи гурӯҳии ноболиғон пешгирӣ гардида, дар умум 53 нафар ноболиғ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардиданд.
Манбаъ меафзояд, ки аз ноболиғоне, ки қасди содир намудани ҷинояти авбоширо доштанд, 10 адад корди гуногунтамға мусодира карда шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки нисбат ба волидони ҳамаи ин ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар натиҷаи баргузории судҳои сайёр ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд.
“Маҳз вокуниши саривақтии кормандони милитсия боис гардид, ки ин муноқишаҳо сари вақт ошкор гардида, аз содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо оқибатҳои вазнин пешгирӣ карда шавад”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”