27 Сентябр 2026,
якшанбе, 18:59, Душанбе
11.07.2026 15:24

“Уолл-Стрит Журнал”: Давлати Трамп нисбат ба ниҳоӣ шудани тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон бадбин аст

Мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, ки давлати Иёлоти Муттаҳида ба раҳбарии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба таври рӯзафзуне нисбат ба ниҳоӣ шудани тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон бадбин аст.

“Волл-Стрит Журнал” (The Wall Street Journal), шоми рӯзи ҷумъа, 10-уми июл, гузориш додааст, ки мақомоти амрикоӣ дар эътирофи нодир гуфтаанд, ки мумкин аст парвандаи ҳастаии Эрон аз роҳи музокироти сулҳ ҳал нашавад.

Бар асоси гузориш, шуморе аз мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки давлати Трамп бар ин бовар аст, ки дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ба таври рӯзафзун ғайриэҳтимол шудааст.

Як мақоми амрикоӣ гуфтааст, ки Эрон бояд кафолат диҳад, ки тангаи Ҳурмузро то рӯзи шанбе бозгушоӣ мекунад, дар ғайри ин сурат бо паёмадҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар гузориш омадааст, мақомоти амрикоӣ таъйид кардаанд, ки Теҳрон бояд баёнияе мунташир карда, эълом кунад, ки тангаи Ҳурмуз боз аст ва тирпарронӣ ба сӯйи киштиҳоро мутаваққиф хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои охир афзоиши танишҳо миёни Эрон ва Амрико дар тангаи Ҳурмуз сабаби даргирии низомӣ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.