Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо СафириФавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сон Шик мулоқотнамуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Маҷлисинамояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, зимни мулоқот қайд гардид, киҶумҳурии Корея барои Тоҷикистон шарики муҳимва боэътимод дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.
“Дар тӯли зиёда аз 34 соли муносибатҳоидипломатӣ давлатҳои мо заминаи устувориэътимоди мутақобила ва ҳамкории созандароташаккул додаанд, ки пайваста дар самтҳои сиёсӣ, парламентӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, башардӯстона ва фарҳангӣ рушд мекунад”, - навиштааст манбаъ.
Зикр мегардад, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодииду кишвар рушд карда истодааст. Ҳаҷми гардиши савдои мутақобила танҳо дар соли 2025 ба 196,1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расидааст, ки аз таваҷҷуҳи баланди доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар солҳои охир дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, маориф, технологияҳои рақамӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва омодасозии кадрҳо лоиҳаҳои муштарак амалӣ мегарданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”