27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
06.07.2026 14:11

Муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанг беш аз 61 ҳазор нусха китоб нашр кардаанд

Имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон муассисаҳои нашриявии вазорат 79 номгӯй китоб бо теъдоди умумии 61 ҳазору 50 нусха ба маблағи зиёда аз 1,85 миллион сомонӣ нашр кардаанд.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 28 чорабинӣ марбут ба намоиш-фурӯш ва муаррифии китоб (21 намоиш-фурӯш ва 7 муаррифии китоб) дар бинои вазорат, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Норак, Ваҳдат, ноҳияи Нуробод ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар бо иштироки доираи васеи алоқамандону дӯстдорони китоб баргузор карда шуд.

Ҳамчунин, дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар се соли охир 200 рӯзнома, (130 давлатӣ ва 70 мустақил), 199 маҷалла,  (163 давлатӣ ва 36 мустақил), 100 матбаа, (24 давлатӣ, 76 мустақил), 20 нуқтаи фурӯши китоб, (1 давлатӣ, 19 мустақил), 13 нашриёт, (5 давлатӣ ва 8 мустақил), 6 агентии  иттиллоотӣ, (1 давлатӣ  ва  5 мустақил) дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисоб гирифта шудааст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.