27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
06.07.2026 13:09

Масъулин сабаби унвони давлатӣ надоштани Бахтиёр Раҳимовро шарҳ доданд

Имрӯз, 6-уми июл дар нишасти хабарии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи унвони давлатӣ надоштани ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик шодравон Бахтиёр Раҳимов баррасӣ гардид. 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён пас аз изҳори тасаллият ба пайвандони Бахтиёр Раҳимов иброз дошт, ки дар гирифтани унвонҳои давлатӣ барои ҳунармандон, махсусан ҳаҷвнигорон, ҳеҷ маҳдудият нест.

Дар нишасти хабарӣ масъалаи мазкурро сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Аминзода шарҳ дод. Номбурда гуфт, ки барои дарёфти унвонҳои давлатӣ ё аз ҷониби муассисае, ки ҳунарманд дар он фаъолият мекунад ва ё аз ҷониби ҳукумати шаҳру ноҳияҳо номзадҳо пешниҳод мегарданд. 

Абдуфаттоҳ Аминзода афзуд, ки Бахтиёр Раҳимов дар ягон муассисаи зертобеи Вазорати фарҳанг расман кор намекард ва то замони даргузашт ҳуҷҷатҳояшро барои дарёфти унвоне ба вазорат пешниҳод накардааст.

Ҳамчунин, дар нишаст гуфта шуд, ки соле пеш масъулини Вазорати фарҳанг дар тамоси телефонӣ аз Бахтиёр Раҳимов хоҳиш кардаанд, ки барои дарёфти унвони давлатӣ ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод намояд, вале ӯ бо сабаби табобат гирифтанаш ин корро накардааст. 

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.