27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
03.07.2026 14:08

Мулоқоти Президенти мамлакат бо Масъуди Пизишкиён дар Теҳрон

Имрӯз, 3-юми июл дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Эрон дар робита ба шаҳодати собиқ Раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ изҳори таслият карданд.

"Зимни суҳбат аз раванди рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳамчун василаи муҳими робитаҳои иқтисодиву тиҷорӣ таъкид гардид", - навиштааст манбаъ.

Иттилоъ дода мешавад, ки ҳаҷми табодули молу коло миёни ду кишвар дар панҷ соли ахир ҳашт баробар афзуда, дар соли 2025 қариб ба панҷсад миллион доллар наздик шуд. Зимнан изҳори бовар карда шуд, ки барои расонидани ин нишондод ба як миллиард доллар дар ояндаи наздик тамоми имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд.

Афзуда мешавад, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, роҳсозӣ, ҳамлу нақл, сайёҳӣ ва тандурустӣ муҳим шумурда шуд.

"Зимни баррасии масоили амниятӣ изҳори умед карда шуд, ки  раванди сулҳу созиш ва афзалият додан ба роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли низоъҳо дар минтақа устувор хоҳад монд", - зикр кардааст хадамоти матбуоти Президенти мамлакат.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.