Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Сарвари давлат: “Мо Арабистони Саудиро шарики муҳимми худ дар ҷаҳони арабу ислом медонем”
Имрӯз, 1-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайхро ба ҳузур пазируфтанд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, зимни мулоқот Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Мо Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонем”.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои давлатҳо дар ҷодаи дипломатияи парлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба тақвияти бештари он ҳавасмандӣ карданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар вохӯрӣ ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
“Роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ барои татбиқи тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисоди Тоҷикистон, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарор доранд, муҳим арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки идомаи ҷалби муассисаҳои молиявии Арабистони Саудӣ барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ ба рушди ҳамкориҳои мутаносибан судманд мусоидат хоҳад кард”, - навиштааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”