27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
01.07.2026 10:30

Дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо Марко Рубио: баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Марко Рубио, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар шаҳри Вашингтон дидору гуфтугӯ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории ин дидор дар 30-уми июн хабар додааст. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ намуда, бар алоқамандии худ ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷониба бар пояи эҳтироми мутақобила ва ҳамкории дарозмуддату судманд таъкид кардаанд.

Дар ин дидор масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо роҳҳои афзоиши ҳаҷми гардиши савдои мутақобила, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ширкатҳои амрикоиро ба лоиҳаҳои бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, имкониятҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, зерсохтори нақлиётӣ ва иқтисоди рақамӣ мавриди таъкид қарор гирифтааст.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Марко Рубио ҳамчунин, дар бораи масъалаҳои амнияти минтақаӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо дар мубориза бо ифротгароӣ, терроризм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин, таҳкими субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ таъкид кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.