Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Зеленский: “Русия тамоми пешниҳодҳои сулҳро рад мекунад”
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, мегӯяд, ки Русия дар тӯли беш аз чаҳор соли гузашта борҳо муҳлатҳои таъйиншударо барои тасарруфи минтақаҳои шарқии Украина ба таъхир андохта ва ҳамаи пешниҳодҳои сулҳро рад кардааст.
Зеленский шаби душанбе, 29-уми июн, дар паёме гуфтааст, ки Кремл дар ин муддат 15 амалиёт барои тасарруфи минтақаи Донбасс таъйин кардааст, аммо ҳар бор иҷрои он ба таъхир афтодааст.
Ин изҳорот дар вокуниш ба суханони Владимир Путин матраҳ шудааст: суханоне, ки дар он раиси ҷумҳури Русия пешниҳоди Украина барои коҳиши танишҳо ва таваққуфи ҳамлаҳои дурбурдро рад карда буд.
Зеленский гуфтааст, ки раҳбарии Русия аз вазъи дохилии ин кишвар, ба вижа камбуди сӯзишворӣ дур мондааст ва ин вазъиятро паёмади мустақими ҷанг унвон кардааст.
Ӯ афзудааст, ки Русия ҳамчунон бар тасарруфи комили минтақаҳои Донетск, Луганск, Запореже ва Херсон тамаркуз дорад, дар ҳоле, ки неруҳои украинӣ низ ҳамлаҳои дурбурди худро идома медиҳанд.
Зеленский ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Киев борҳо пешниҳодҳое барои поён додан ба ҷанг ироа кардааст, аммо ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳодҳо ҳамеша аз сӯйи Маскав рад шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”