27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
24.06.2026 17:18

Эътирози фаъолони зиддиҷанг ба сиёсатҳои нахуствазири Ҷопон

Нахуствазири Ҷопон зимни маросиме ба муносибати солгарди поёни набарди Окинава ба эътирози фаъолони зиддиҷанги кишвараш рӯбарӯ шуд. Ин дар ҳолест, ки интиқодҳо аз тағйири рӯйкарди амниятии Токио ва дур шудани он аз сиёсати деринаи сулҳталабонааш афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Франс пресс”, ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, Санаэ Такаити дар ҷараёни як маросими ёдбуди Ҷанги ҷаҳонии дувум бо шиорҳои эътирозии тазоҳуротчиёне рӯбарӯ шуд, ки аз дур шудани ҳарчи бештари Токио аз мавқеи дерина ва сулҳталабонаи худ дар даҳсолаҳои гузашта хашмгин буданд.

Ҷопон, ки яке аз муттаҳидони наздики Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба шумор меравад, дар моҳи апрел қонунҳои марбут ба содироти аслиҳаи марговарро осонтар кард. Ҳамчунин, Такаити, ки муддатҳо ба унвони сиёсатмадори моил ба рӯйкардҳои сахтгиронаи амниятӣ шинохта мешавад ва соли гузашта бо изҳороти худ дар бораи Тайван бо Чин таниш эҷод карда буд, эълом кардааст, ки қасди бознигарии Конститутсияи кишварро дорад.

Дар ҷараёни суханронии Такаити ва дар маросиме ба муносибати 81-умин солгарди поёни Набарди Окинава (набарде, ки дар он ҳудуди 200 ҳазор ҷопонӣ ҷони худро аз даст доданд), бархе аз эътирзгарон бо садои баланд шиор пароканданд.

Ин шиорҳо, аз ҷумла “Не ба ҷанг!” ва “Аз моддаи 9-и Конститутсия муҳофизат кунед!” буд: иборае, ки ба банди Конститутсияи Ҷопон ишора дорад, ки дар он ҷанг ҳамчун василаи ҳаллуфасли ихтилофҳои байналмилалӣ рад шудааст.

Такаити дар ин суханронӣ гуфт: “Ҳар гоҳ ба андӯҳ ва ҳасрати ҳамаи касоне, ки дар ҷанг ҷони худро аз даст доданд ва ҳамчунин, ба ранҷи хонаводаҳои доғдор меандешам, қалбам аз андӯҳи амиқ саршор мешавад”.

Ӯ афзуд: “Ҷопон дар чорчӯби уҳдадории устувор барои он, ки дигар ҳаргиз фоҷиаи ҷанг такрор нашавад, бо қатъият дар ин масир пеш рафтааст ва ҳамчун кишваре, ки болотарин арзишро барои сулҳ қоил аст, ба ҳаракати худ идома додааст”.

Дар моҳҳои охир, эътирозҳои мунтазам нисбат ба тағйироти сиёсӣ дар давлати Такаити шакл гирифтааст. Ин тағйирот ҳамчунин, бо вокуниши Чин рӯбарӯ шуда, ба гунае, ки Пекин Токиоро ба эҳёи “низомигарӣ”-и давраи ҷанг муттаҳам мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.