27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
20.06.2026 15:46

Сарвари давлат дар Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

20-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо Деҳкадаи сайёҳиро, ки мавзеи навбунёди сайёҳӣ ва тамошою фароғат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, сохтмони иншоот аз моҳи марти соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда дар масоҳати беш аз 1 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанзода бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Деҳкадаи сайёҳӣ дар қисми ҷанубу шарқии ноҳияи Ховалинг аз маркази ноҳия дар масофаи 9,5 км. ҷойгир буда, дорои ошхонаи барҳаво бо 50 ҷойи нишаст дар як вақт, мавзеи гулханафрӯзӣ бо меъмории таърихӣ, ҷойҳои бозию дилхушӣ ва роҳраву гулгаштҳои назаррабо мебошад.

Гуфта мешавад, ки зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро намунаи хуби истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, таъкид карданд, ки бунёди чунин марказҳо барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти калон дошта, метавонанд дар ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ саҳми назаррас гузоранд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.