Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Сафари кории Президенти кишвар ба ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи бинои маъмурии Фурудгоҳи Ховалинг оғоз шуд
Имрӯз, 20-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда, суҳбат бо мардуми касбу кори гуногун ва шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии аҳолӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар карданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, дар оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии фурудгоҳи Ховалингро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ки тармиму навсозии бинои маъмурии фурудгоҳ дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия ба хотири ободии Ватан ва мунтазам беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ анҷом дода шудааст.
Манбаъ навиштааст, ки бинои маъмурии фурудгоҳ аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои интизорӣ, ҷаласа ва қабулу гусели мусофирон, инчунин, меҳмонхона иборат буда, инфрасохтори он барои хизматрасонӣ ба мусофирон мувофиқ гардонида шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”