Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Пешвои миллат ба Доналд Трамп ба муносибати расидан ба созиши сулҳ бо ҶИЭ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми июн барқияи табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трампро ба муносибати расидан ба созиши сулҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нашр намуд.
Дар ин барқияи табрикӣ зикр шудааст, ки ин рӯйдоди муҳим, ки маҳсули иродаи матин ва заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, барои истиқрори сулҳу суботи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна ва таҳкими низоми амнияти ҷаҳонӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Ҳамчунин, дар барқия таъкид гардидааст, ки ин созиш барои роҳандозии иқдомҳои нави сулҳомез ва таҳкими фазои эътимод дар сатҳи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Пешвои миллат дар барқия изҳор намудаанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар аз ин дастоварди муҳим истиқбол намуда, ҷонибдории худро аз ҳалли ҳама гуна ихтилофоту низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ таъкид мекунад.
Дар поёни барқия Пешвои миллат ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп сиҳҳатмандии комил ва комёбиҳои навин, инчунин, ба мардуми ИМА сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намудаанд.
Қобили зикр аст, ки чунин барқияи табрикиро чанде пеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ирсол намуда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”