Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Изҳори ҳамдардии Сарвари давлат бинобар марги фоҷиавии раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот
Имрӯз 17-уми июн раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот дар натиҷаи садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.
"Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар марги фоҷиавии Алишер Мирзонабот ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ карда, хоҳони сабри ҷамил ба онҳо шуданд", - навиштааст хадамоти матбуоти Президенти мамлакат.
Таъкид карда мешавад, ки Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки вазифаҳои хизматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард.
Гуфта мешавад, ки бо супориши Роҳбари давлат вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар роҳбарону масъулон ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”