Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Президенти мамлакат Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд
Имрӯз, 15-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва гурӯҳи ширкатҳои Файсал Холдинг баррасӣ шуданд.
“Таваҷҷуҳи хос ба ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон зоҳир карда шуд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, гидроэнергетика, фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ, инчунин, бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори муосир ҳам тамаркуз карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”