27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
06.06.2026 13:45

Сарвари давлат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос мулоқот намуданд

5-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар иттилоъ медиҳад, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кипр ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

“Мо ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он манфиатдорем”, - иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ алоқамандии Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо Кипр дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб иброз гардид.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкориро бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад ва манфиатдор аст, ки рӯзномаи ҳамкории  минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёбад.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.