Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
«Шоҳин»-и РВКД Душанбе Тоҷикистонро дар Минск намояндагӣ мекунад
Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсияи «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи байналмилалии кушоди тирпарронии тактикӣ миёни воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Тавре ки РВКД дар шаҳри Душанбе навиштааст, аз 1-ум то 9-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус 6-умин мусобиқаи байналмилалии кушоди тирпарронии тактикӣ миёни воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки соли дуюм аст, ки дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Тоҷикистонронамояндагӣ мекунад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур 25 даста аз кишварҳои Тоҷикистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Ветнам, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркманистон ва Озарбойҷон ширкат намуда, сатҳи омодагии касбӣ, маҳорати тактикӣ, ҳамоҳангии гурӯҳӣ ва малакаҳои ҷангии худро ба намоиш мегузоранд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”