Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Трамп: "Тавофуқ бо Эрон дар мавриди оташбас ва бозгушоии тангаи Ҳурмуз дар ҳафтаи оянда мумкин аст"
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, иддао кардааст, ки интизор дорад тавофуқ бо Эрон дар бораи тамдиди оташбас ва бозгушоии тангаи Ҳурмуз дар давоми ҳафтаи оянда ҳосил шавад.
Трамп рӯзи душанбе, 1-уми июн, дар гуфтугӯ бо шабакаи "ABC News" гуфтааст, ки ҳанӯз тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст ва танҳо бархе мавридҳо боқӣ мондаанд, ки бояд ҳал шаванд.
Ӯ иддао кардааст, ки ин тавофуқ метавонад заминаи тамдиди оташбас ва бозгушоии яке аз муҳимтарин масирҳои транзитии нафт дар ҷаҳонро фароҳам кунад.
Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки бо вуҷуди пешрафт дар гуфтугӯҳо, ҳанӯз бар сари як тафоҳумномаи расмӣ бо Эрон ба тавофуқ нарасидааст, зеро ба гуфтаи ӯ, "ҳанӯз бояд чанд нуктаи дигар ниҳоӣ шавад".
Трамп ҳамзамон изҳори умедворӣ кардааст, ки ин раванд дар рӯзҳои оянда ба натиҷа мерасад ва тавофуқи ниҳоӣ эълом хоҳад шуд.
Ин иддаоҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки талошҳо барои коҳиши танишҳо миёни Эрон ва Амрико ва таъмини амнияти масирҳои баҳрӣ дар минтақа ҳамчунон идома дорад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”