Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Мушаки “Ню Гленн” пеш аз партоб мунфаҷир шуд
Мушаки “Ню Гленн” (New Glenn) вобаста ба ширкати амрикоии “Блу Ориҷин” (Blue Origin) ҳангоми озмоиш дар болои платформаи партоб дар иёлати Флорида мунфаҷир шуд.
“Вашингтон пост”, рӯзи ҷумъа, 29-уми май гузориш дода, ки ин мушак аз сӯи ширкати “Блу Ориҷин” барои интиқоли моҳвораҳо ба мадори поини замин омода шуда буд.
Бар асоси гузориш, ин ширкат эълом кардааст, ки дар ҷараёни озмоише пеш аз партоб “бо як ноҳанҷоре мувоҷеҳ шудааст” ва ҳамаи кормандони он комилан саломат ҳастанд.
Дар гузориш омадааст, ки қарор буд ин мушак 48 моҳвораро барои Амазон дар мадори поини замин қарор диҳад.
Дар аввали моҳи май, NASA эълон кард, ки бо “Blue Origin” шартномаи 188 миллион доллариро барои фиристодани воситаҳои нақлиёти заминӣ ба Моҳ бастааст.
Ин ширкат яке аз довталабони талошҳои NASA барои бурдани одамон ба Моҳ аст, ки бо миссияи “Artemis 3”, ки барои соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, оғоз мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”