27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:32, Душанбе
28.05.2026 16:11

Трамп Умонро низ таҳдид кард: “Агар дигаргуна рафтор кунед, мунфаҷир хоҳед шуд!”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар идомаи таҳдидҳо алайҳи кишварҳои гуногун, Умонро низ ба унвони понздаҳумин кишвар таҳдид ба ҳамла кард ва гуфт: “Агар Умон дар тангаи Ҳурмуз дигаргуна рафтор кунад, мунфаҷир хоҳад шуд!”

Ба гузориши Расонаи “Арабӣ 21” Трамп шаби гузашта (чаҳоршанбе) дар идомаи суханони зидду нақизи худ бо ишора ба ин ки тангаи Ҳурмуз барои ҳама боз хоҳад буд, иддао кард: “Амрико аз он муҳофизат хоҳад кард ва ин шартҳо бахше аз музокирот бо Эрон аст”.

Вай дар суханони худ бар зидди Умон, ин кишварро низ таҳдид ба ҳамла кард ва гуфт: “Умон низ монанди ҳар кишвари дигаре рафтор хоҳад кард ва дар ғайри ин сурат маҷбур хоҳем шуд, онро мунфаҷир кунем”.

Трамп дар посух ба ин суол, ки оё тавофуқи кутоҳмуддатеро, ки ба Эрон ва Умон иҷозаи контрол бар ин оброҳи ҳаётиро диҳад, хоҳад пазируфт, гуфт: “Не, тангаи Ҳурмуз барои ҳама боз хоҳад буд, ин обҳои байналмилалӣ аст ва ҳаргиз ҳеч касе контроли онро дар даст нахоҳад дошт ва мо аз он муҳофизат хоҳем кард ва ин бахше аз музокироти ҷорӣ аст”.

Коршиносон мегӯянд ин суханони Трамп алайҳи Умон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ин кишвар, понздаҳумин кишваре аст, ки ӯ дар ду давраи раёсати ҷумҳурии худ таҳдид ба ҳамла кардааст ё аз эҳтимоли ҳамла ба он сухан гуфта ё амалан алайҳи он иқдом кардааст.

Аз рӯйи таҳлилҳо Трамп дар давраи кунунӣ то имрӯз ба ҳафт кишвар ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст, ки иборат аз Эрон, Ироқ, Нигерия, Сомалӣ, Сурия, Венесуэла ва Яман аст ва албатта бархе аз ин кишварҳо дар давраи нахусти раёсати ҷумҳури Трамп низ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Раиси ҷумҳури Амрико дар ин давра ҳамчунин, ба ҳамла ё эҳтимоли ҳамла ба ҳафт кишвари дигар таҳдид кардааст, ки иборатанд аз Канада, Колумбия, Куба, Гренландия (вобаста ба Дания), Мексика, Панама ва Умон.  Ҳамчунин, ӯ дар давраи нахусти худ низ Мексика ва Кореяи Шимолиро таҳдид карда буд.

Ба навиштаи ин расонаи арабӣ, бахше аз ин рафторҳои Трамп мумкин аст ба пайравии ӯ аз назарияи “марди девона” дар сиёсати хориҷӣ марбут шавад ва ба ибораи дигар ӯ тамоюл дорад худро фарди ғайри қобили пешбинӣ нишон диҳад ва тасаввур мекунад, ки бо ин кор душманони хориҷии ӯ таслими хостаҳои ӯ мешаванд. Таҳлилгарон мегӯянд, бо ин ҳол ин рафторҳои Трамп нишондиҳандаи рафтори таҷовузии раиси ҷумҳуре аст, ки то кунун дар соли ҷорӣ  ба ду кишвар -  Эрон ва Венесуэла ҳамла карда ва ба назар мерасад, ки дар фикри ҳамлаи севум ба Куба аст.

Оморҳо нишон медиҳад, ки Трамп то кунун аз тахминан 200 кишвари ҷаҳон, 15 кишварро таҳдид ба ҳамла кардааст ё амалан ба онҳо ҳамла кардааст. Аз ин теъдод панҷ кишвар дар Ховари Миёна қарор доранд ва ба ибораи дигар Трамп аз 20 кишвари минтақа, панҷ кишварро таҳдид ба ҳамла кардааст ё ҳадаф қарор додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.