Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Вазири хориҷаи Сингапур дар сафари камсобиқа ба Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ меравад
Вивиан Балакришнан, вазири корҳои хориҷаи Сингапур дар Пхенян бо Чхве Сон Хи, вазири корҳои хориҷаи Кореяии Шимолӣ дидор ва дар бораи тақвияти равобити дуҷониба гуфтугӯ кардааст.
Хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ (KCNA) рӯзи чаҳоршанбе, 27-уми май гузориш дода, ки ду тараф ҳамчунон дар бораи масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табодули назар кардаанд, аммо ҷузъиёти бештаре ироа нашудааст.
Интизор меравад Балакришнан пас аз сафар ба Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ низ сафар кунад: иқдоме, ки ба унвони сафари нодири як мақоми сингапурӣ ба ҳарду Корея тавсиф шудааст.
Балакришнан дар соли 2018 низ узви кобинаи Сингапур буд: замоне, ки ин кишвар мизбони нахустин нишаст миёни раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Иёлоти Муттаҳида буд.
Дар он нишаст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури вақти Амрико ва Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ тавофуқномаи муштаракеро имзо карданд, ки бар эҷоди равобити сулҳомези ҷадид ва талош барои поён додан ба барномаи ҳастаии Пхенян таъкид дошт.
Трамп ахиран гуфта, ки мехоҳад бори дигар бо Ким Чин Ин дидор кунад ва афзуда, ки равобити хубе бо ӯ дорад, аммо Кореяи Шимолӣ то кунун ба таври мустақим ба ин пешниҳодҳо посух надодааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”