Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Интиқоди тунди Си Ҷинпин аз Ҷопон барои бозгашт ба даврони милитаризм
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар ҷараёни дидор бо раиси ҷумҳури Амрико дар Пекин нисбат ба талоши давлати Санаэ Такаити, нахуствазири Ҷопон барои бозгашт ба даврони милитаризм (низомигарӣ) шадидан интиқод кард: хабаре, ки ба тозагӣ дар расонаҳои байналмилалӣ аз ин дидор нашр шудааст.
Хабаргузории “Ҷопон таймз” (Japan Times) рӯзи душанбе, 25-уми май навишт: “Си Ҷинпин дар ҷараёни нишаст бо Трамп, Такаитиро ба хотири “низомисозии дубораи”-и Ҷопон шадидан мавриди интиқод қарор дод.
Ин хабаргузории ҷопонии чопи Токио гузоришро чунин идома медиҳад: “Ин баҳс, ки дар он Си Ҷинпин ошкоро асабонӣ буд ва аз афзоиши масрафҳои дифоии Ҷопон интиқод кард, аз муҳимтарин бахшҳои музокироти дуҷониба миёни раҳбарони Амрико ва Чин ба шумор мерафт. Мақомоти давлати Трамп дар ҷараёни ин нишаст аз интиқоди тунди Си ғофилгир шуданд”.
Рӯзномаи “Файненшнл таймз” (Financial Times) низ дар бораи дидори раисони ҷумҳури Чин ва Амрико аз баланд кардани садои Си дар гуфтугӯ бо Трамп хабар дод ва навишт, ки муҳимтарин меҳвари гуфтугӯҳои ду тараф Тайван ба унвони хатти сурхи Пекин буд.
Хабаргузории “Киодо” низ зимни баёни ин хабар гузориш дод: “Манобеи дипломатӣ эълом карданд Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар ҷараёни нишасти дурӯзаи ҳафтаи гузашта бо Доналд Трамп, Санаэ Такаити, нахуствазири Ҷопонро маҳкум кард ва талоши ӯ барои тақвияти қобилиятҳои дифоии Ҷопонро рӯйкарде “неомилитаристӣ” (низомигарии навин) хонд.
“Киодо” дар идома гузориш дод: “Ба гуфтаи ин манбаъ, Трамп пас аз ин дидор ва ҳангоми бозгашт дар ҳавопаймои вижаи раёсати ҷумҳури Амрико бо Такаити тамос гирифт, ӯро мавриди тамҷид қарор дода ва аз ҳолати бавуҷудомада дар музокироташ бо раиси ҷумҳури Чин бохабар кард”.
Робитаи байни Пекин ва Токио аз замоне пуртаниш шуд, ки Санаэ Такаити дар 7 –уми ноябри соли 2025 дар ҷараёни изҳороти парлумонии худ, дар посух ба пурсиши яке аз намояндагони мухолифи давлат дар бораи вазъияти фарзии иқдоми низомии Чин алайҳи Тайван, гуфт, ки ҳамла ба Тайван аз сӯи Чин “вазъияти таҳдидкунанда” барои Ҷопон талаққӣ мешавад.
Пас аз он, Такаити талош дорад қонуни асосии ин кишварро дар заминаи дифоӣ ва низомӣ тағйир диҳад: амре, ки бо вокуниши шадиди Пекин мувоҷеҳ шудааст.
Ҳизби ҳокими Либерал-демократ пешниҳодҳое барои бознигарӣ дар се санади калидии амнияти миллии ин кишвар тартиб додааст. Ба ин пешниҳодҳо тақвияти сомонаҳои падофанди ҳавоӣ ва қобилиятҳои ҷангии пойдори Ҷопон, ҳамчунин, истиқрори зудҳангоми зердарёиҳои муҷаҳҳаз ба сомонаҳои пешрафта ва дорои қобилияти ҳамли мушакҳои дурбурд барои тақвияти он чи “тавони зиддиҳамла”-и Ҷопон хонда мешавад, шомил мешавад.
Конститутсияи кунунии Ҷопон, ки дар соли 1947 қабул шуд, шомили асли нуҳум аст, ки бар асоси он ин кишвар ҷангро ба унвони ҳаққи ҳокимиятии миллат ва ҳамчунин, таҳдид ё истифода аз зӯрро барои ҳаллуфасли ихтилофоти байналмилалӣ рад мекунад. Ин асл ҳамчунин, тасреҳ мекунад, ки Ҷопон ҳаққи ҳифзи неруи низомиро нахоҳад дошт: мавзуе, ки боис шудааст Конститутсия ба таври густарда бо унвони “қонуни асосии сулҳталабона” шинохта шавад.
Такаити ва дигар ҷараёнҳои ростгарои ин кишвар солҳост хостори ислоҳи асли нуҳум ҳастанд. Нахуствазири Ҷопон имсол низ борҳо ҳимояти худро аз ислоҳи Конститутсия эълом кардааст, ки муҷиби афзоиши нигарониҳо ва мухолифатҳо дар миёни афкори умумӣ ва бахшҳои мухталифи ҷомеаи Ҷопон шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”