Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Трамп: “Дар мавриди тавофуқ бо Эрон шитобе лозим нест”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълом кардааст, ки ба намояндагони худ дастур додааст дар мавриди ҳеч тавофуқе бо Эрон шитоб накунанд ва иддао кардааст, ки муҳосираи дарёии Амрико алайҳи Эрон ҳамчунон идома хоҳад дошт.
Рейтерз шаби якшанбе, 24-уми май гузориш додааст, ки Трамп иддао гуфтааст, ки ин муҳосира то замоне ки “тавофуқе имзо, таъйид ва ниҳоӣ нашавад” ба қуввати худ боқӣ хоҳад монд ва афзудааст, ки ҳар ду тараф бояд бодиққат ва замони кофӣ дар ин раванд амал кунанд.
Бар асоси гузориш, давлати Амрико ҳамзамон бо коҳиши умедҳо нисбат ба дастёбӣ ба тавофуқи фаврӣ таъкид кардааст, ки ҳамчунон ихтилофҳои асосӣ бар сари барномаи ҳастаии Эрон, дороиҳои масдудшуда ва танишҳои минтақаӣ миёни ду тараф боқӣ мондааст.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои ахир гумоназаниҳо дар бораи эҳтимоли шаклгирии чаҳорчӯби аввалияи як тавофуқ миёни Теҳрон ва Вошингтон афзоиш ёфта буд, аммо мақомоти ду тараф ҳамчунон бар мавзеъҳои мутафовити худ таъкид доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”