Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд
23-юми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин росто, зимни суҳбати телефонӣ ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои ду кишвар таъкид гардид. Ҳамчунин, ба аҳамияти идомаи татбиқи фаъолонаи мувофиқаҳои байнидавлатии қаблан ҳосилшуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Манбаъ меафзояд, ки сарони ду давлат ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистодаро дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ карда, аз ҷумла масоили омодагӣ ба ҳамоиши ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхайро, ки 31-уми август – 1-уми сентябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад, муҳокима намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”