Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бо ибораи “фарзандони азиз”: “Дар ҳеч ҳолат ба Ватан – модар ва миллати худ хиёнат накунед”
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бегоҳи рӯзи 22-уми май бо паёми шодбошӣ ҷавонони кишварро табрик намуда, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти онҳоро ба баррасӣ кашиданд. Паёми табрикотии Президенти кишварро чанде пеш соманаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кард.
Ҷавонон - неруи асосии давлати соҳибистиқлол
Дар оғози паём Роҳбари давлат бо суханони самимӣ ҷавононро “ҷавонони саодатманди кишвар” ва “фарзандони азиз” номида, ҳамаи онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфтаанд. Ҳамчунин, дар муқаддимаи ин паём таъкид шудааст, ки ин ҷашн фарогири ҳамаи ҷавонони кишвар, аз ҷумла онҳое мебошад, ки дар хориҷ таҳсил ва фаъолият доранд.
Паём бо ишора ба аҳамияти соли ҷорӣ, ки ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост меояд, мазмуни хос касб мекунад. Дар ин замина гуфта мешавад, ки истиқлол барои наслҳои нав на танҳо як воқеияти сиёсӣ, балки арзиши муқаддас ва асоси ҳастии миллӣ мебошад: “Истиқлолу озодӣ арзишҳои муқаддастарину муҳимтарин ва неъмати беҳтарин барои ҳар як фарди ватандӯст мебошад”.
Нақши ҷавонон дар 35 соли истиқлол
Яке аз самтҳои асосии паём таҳлили нақши ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ мебошад. Таъкид мегардад, ки дар 35 соли давлатдории навини тоҷикон ҷавонон ба як неруи воқеан пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтаанд. Дар паём таъкид мешавад, ки ҷавонон дар соҳаи рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, густариши фарҳанг, пешбурди технологияҳои муосир, ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими сулҳу субот саҳми фаъол гузоштаанд.
Дар ин бора дар паём чунин зикр мешавад: “Ҷавонони кишвар ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлат, рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти илму маориф иштироки фаъол доранд”.
Ин ифода нишон медиҳад, ки ҷавонон танҳо иштирокчии раванд набуда, балки ташаббускор ва муҳаррики рушди ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Дастовардҳо дар соҳаи маориф ва зарурати рушди нав
Дар паём як дастоварди муҳим зикр мегардад: дар давраи истиқлол қариб “як миллион ҷавон” муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва тақрибан “140 ҳазор нафар” донишгоҳҳои хориҷиро хатм кардаанд.
Аммо дар баробари ин дастовардҳо, Роҳбари давлат зарурати баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва илмиро бо таъкид ба рушди ҷаҳони муосир бо суръати баланд, ишора мекунанд.
Аз ин рӯ, дар паём ба самтҳои ояндаи зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, энергетикаи нав, соҳибкории инноватсионӣ таъкид мешавад.
Ин самтҳо ҳамчун калиди рақобатпазирии ҷавонони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегарданд.
“Рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сатҳи пешрафти илму техника вобастагии мустақим дорад” – омадааст дар паёми Сарвари давлат.
Илм, забон ва ҷаҳонбинии муосир
Яке аз самтҳои муҳим дар паём зарурати густариши ҷаҳонбинии ҷавонон мебошад. Ба таъкиди Роҳбари давлат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ имкониятҳои навро барои таҳсил ва кор дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам месозад.
Ҳамзамон аз ҷавонон даъват мешавад, ки бо тафаккури солим ва масъулиятнок ба падидаҳои манфӣ ва андешаҳои ифротӣ муқовимат кунанд.
“Танҳо давлатҳое устувор мемонанд, ки ҷавононашон ватандӯсту огоҳ, соҳибкасбу соҳибҳунар ва сарҷамъ бошанд” – омадааст дар ин бахши паёми Сарвари давлат.
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ
Дар қисмати муҳимми паём масъалаи худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мавқеи хос дорад. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки тоҷикон миллати дорои таърихи куҳан ва тамаддуни бой мебошанд: “Мо – тоҷикон миллати ориёинажод, соҳиби таърихи беш аз 6000-сола ва фарҳангиву тамаддунсоз ҳастем”.
Бо ишора ба китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, гуфта шуд, ки ҳадаф аз нашри онҳо баланд бардоштани огоҳии таърихии ҷавонон аст.
“Шумо бояд арзишҳои бунёдии миллӣ - таърих, забон, фарҳанг ва суннатҳоро омӯзед ва барои ҳифзи онҳо талош намоед” – гуфтаанд Пешвои миллат.
Истиқлол - асоси ҳастии миллӣ
Дар паём истиқлол ҳамчун арзиши марказӣ ва асоси шинохти давлат дар арсаи ҷаҳон арзёбӣ гардидааст. Ба ҷавонон муроҷиат шуда, дар ин бора таъкид мешавад: “Истиқлолу озодиро ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат ҳифз кунед”.
Ҳамзамон, ҷавонон даъват шуданд, ки Ватанро дӯст доранд, онро обод намоянд ва ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол диҳанд.
Масъулияти насли ҷавон
Роҳбари давлат ҷавононро “созандагони фардои ободи Тоҷикистон” номида ва таъкид кардаанд, ки ояндаи давлат дар дасти онҳо мебошад. Дар паём омадааст: “Ояндаи дурахшони давлат ва миллат танҳо дар дасти шумо - наврасону ҷавонон аст”.
Ин нукта масъулияти бузурги насли ҷавонро дар шароити муосир боз ҳам равшантар мекунад.
Дар анҷоми паём Президенти кишвар ба ҷавонон таманниёти нек баён намуда, онҳоро ба илму дониш, ватандӯстӣ ва созандагӣ даъват кардаанд.
“Бигзор ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша пешсафи илму маърифат, ҳомии сулҳу субот ва созандаи имрӯзу фардои дурахшони Ватан бошанд!” – омадааст дар охири паёми Сарвари давлат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”