Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Мулоқоти Сердар Бердимуҳамедов ва Қоҳир Расулзода дар Ашқобод
Бинобар иттилои АМИТ «Ховар», имрӯз, 22-юми май мулоқоти президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Ашқобод қарор дорад, баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
“Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон бар пояи принсипҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобил асос ёфта, рушд мекунанд”, - навиштааст манбаъ.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба афзоиши минбаъдаи ҳаҷми тиҷорати мутақобил таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Дар ин росто, ҷонибҳо аз нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон, ки чун платформаи муассир барои пешбурди лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак боқӣ мемонад, ёдовар шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”