Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Амрико 5 ҳазор неруи низомии худро барои тақвияти НАТО ба Лаҳистон фиристод
Давлати Амрико пас аз лағви барномаи истиқрори беш аз 4 ҳазор неруи низомӣ дар Лаҳистон, аз фиристодани 5 ҳазор неруи нав ба ин кишвари узви НАТО хабар дод. Бархе таҳлилгарон сабаби ин тағйири дидгоҳро тақвияти ҷиноҳи шарқии НАТО дар баробари бахши ғарбӣ, ки мухолифи сиёсатҳои Вашингтон аст, медонанд.
Ба гузориши “Ҳиндустон Ҳералд” (Hindustan Herald), давлати Доналд Трамп эълом кард, ки ҳазор неруи амрикоӣ ба Лаҳистон фиристода хоҳанд шуд: иқдоме, ки танҳо чанд рӯз пас аз лағви барномаи қаблии истиқрори неруҳои амрикоӣ дар ин кишвар сурат мегирад. Бар асоси гузоришҳо, Пентагон ҳафтаи гузашта истиқрори лашкари якуми саворанизоми Амрико дар Лаҳистонро мутаваққиф карда буд. Ин дар ҳолест, ки неруҳо давраҳои омӯзишии лозимро пушти сар гузошта ва бахше аз таҷҳизот низ ба Аврупо мунтақил шуда буд.
Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико дар тавзеҳи тасмими аввалии кишвараш гуфта буд кишварҳои аврупоӣ бояд саҳми бештаре дар таъмини амнияти худ ифо кунанд. Бо ин ҳол, Трамп чанд рӯз баъд дар паёме эълом кард, ки 5 ҳазор неруи амрикоӣ ба Лаҳистон фиристода мешаванд. Вай ин тасмимро бо равобити Вашингтон ва давлати Лаҳистон вобаста донист.
Гузоришҳо мегӯянд, ки мақомоти лаҳистонӣ пас аз лағви истиқрори нахуст, гуфтумонҳои фишурдаеро бо мақомоти амрикоӣ оғоз кардаанд. Варшава дар солҳои охир ба яке аз аслитарин шарикони низомии Амрико дар Аврупо табдил шуда ва будҷаи дифоии худро ба шакли қобили таваҷҷуҳе афзоиш додааст. Бар асоси омори НАТО, Лаҳистон акнун беш аз 4 дарсад тавлиди нохолиси дохилии худро сарфи хароҷотҳои дифоӣ мекунад ва дар ҳоли тавсеаи тавони низомии худ аз тариқи хариди ҷанганда, сомонаҳои мушакӣ ва танкҳои пешрафта аст.
Ҳамзамон, ихтилофҳо миёни Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ бар сари таҳаввулоти Ховари Миёна ва даргирӣ бо Эрон низ афзоиш ёфтааст. Гузоришҳо нишон медиҳанд давлати Трамп аз мавзеи бархе муттаҳидони аврупоӣ дар бораи Эрон ва амнияти тангаи Ҳурмуз ризоят надорад. Дар муқобил, Лаҳистон аз интиқод нисбат ба сиёсатҳои Вашингтон худдорӣ карда ва ҳамчунон бар ҳамкории наздики амниятӣ бо Амрико таъкид дорад.
Таҳлилгарон муътақиданд ин таҳаввул нишондиҳандаи идомаи тамаркузи Амрико бар тақвияти ҷиноҳи шарқии НАТО аст: ҳарчанд тағйироти сареъ дар тасмимгириҳои Вашингтон дар бораи истиқрори неруҳо, баҳсҳоеро дар бораи субот ва қобилияти пешбинипазирии сиёсати хориҷаи Амрико эҷод кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад