27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
21.05.2026 16:31

Расонаҳо: аз паёми зиёфати чойи Си Ҷинпин то тарси Ғарб аз “Қудрати Сибир 2”

Сафари дурӯзаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Пекин бегоҳи рӯзи чаҳоршанбе пас аз маросими ғайрирасмии зиёфати чой ба поён расид ва Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ҳамин тавр, ҳамтои руси худро гусел кард.

Расонаҳои Русия ҷанбаҳои мухталифи ин сафар аз навъи истиқбол ва дастфишории Путин ва Си Ҷинпин, то паёмадҳо ва ҷанбаҳои иқтисодии он ва ҳамчунин, вокунишҳои норизоиятии Ғарб аз дидори ду муттаҳиди шарқиро ба баррасӣ кашиданд.

Ин сафар, ки ҳамзамон бо 25-умин солгарди имзои паймони ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории Русия ва Чин анҷом шуд ва бо эълони тамдиди он ҳамроҳ гардид, бо музокироти қолабҳои маҳдуд ва густурдаи ҳайатҳои баландпояи ду кишвар таҳти раёсати президентҳо оғоз шуд ва бо тасвиби баёнияи муштарак, имзои тақрибан 40 санади ҳамкорӣ (тибқи эълони раиси ҷумҳури Русия) ва матраҳ шудани мавзеъгириҳои Путин ва Си Ҷинпин дар робита ба равобити дуҷониба ва таҳаввулоти байналмилалӣ ҳамроҳ буд.

Суханони раҳбарони Русия ва Чин дар ин музокирот ва нишастҳо бо эълони ғайриқонунӣ будани ҳамлаи низомӣ ба Эрон ва ҳамчунин, таъкиди онҳо бар поёни зудтари ин даргирӣ ҳамроҳ буд. Онҳо ҳамчунин, изҳори назари худро барои сохтани ҷаҳони чандқутбӣ ва таъмини амнияти баробар барои ҳамаи кишварҳо дар қолаби баёнияи расмӣ нашр карданд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимми ин сафар, ки дар оянда дар муодилаҳои энергетикӣ нақш хоҳад дошт, эълони Маскав ва Пекин дар бораи дастёбии тарафайн ба натиҷаҳои мусбат дар музокироти марбут ба сохтани хатти лӯлаи интиқоли гази “Қудрати Сибир 2” буд, ки ин бор аз масири Муғулистон гази Русияро ба Чин ҳамчун яке аз бузургтарин масрафкунандагони энержӣ бо таваҷҷуҳ ба аҳолӣ ва саҳми истеҳсол дар иқтисоди он равон хоҳад кард.

Рамзкушоӣ аз зиёфати чойи Си барои Путин

Коршиносони рус дар баррасии сафари раиси ҷумҳури кишварашон ба мавзуъҳои хурду бузург таваҷҷуҳ карданд.

Денис Шумаков, донандаи маросимҳои суннатии чой, дар ин бора бо ишора ба тӯл кашидани маросими ғайрирасмии чой ба муддати 90 дақиқа ба сомонаи рӯзномаи “Аргументы и факты” гуфт: “Бо қазоват бар асоси тасвирҳои нашршуда, маҷмуи пазироии чой ба ранги зарди равшан дар рӯйи мизҳо байни сиёсатмадорон қарор гирифта буд.

Гайван - косаи сарпӯшдор, суннати меҳмоннавозии чойи чинӣ аст, ки аз се унсур иборат мебошад: коса (рамзи инсон), нилгун/табақча (рамзи замин) ва сарпӯш (рамзи осмон). Дар фарҳанги чинӣ сохтори гайван рамзи ҳамоҳангии инсон, замин ва осмон ҳисобида мешавад.

Имзои санади вижа барои тамоми ҷаҳон, ҷанбаи фарқкунандаи баёнияи Путин ва Си

Марат Баширов, коршиноси масоили сиёсӣ аз диди дигар ба сафари Путин ба Пекин нигарист. Ӯ бо ишора ба баёнияи муштараки сарони Русия ва Чин дар бораи меъмории ҷаҳони чандқутбӣ ба пойгоҳи хабарии русии “Царьград” изҳори назар кард: “Барои нахустин бор дар таърихи ҷаҳон, як санади вижа имзо шуд: ин санад на танҳо марбут ба ду кишвар, балки марбут ба тамоми сайёраи замин аст.

Санади муҳимме, ки аз ҷониби Русия ва Чин имзо шудааст, тавофуқномаи ҷаҳони чандқутбӣ аст”.

Ин коршиноси рус ёдовар шуд: “Ин санад аз 47 саҳифа иборат аст, ки ҷузъиёти чигунагии сохтори як низоми байналмилалиро шарҳ медиҳад: низоме, ки дар он чандин қутби нуфузи геополитикӣ вуҷуд дошта бошад. Ин санад ба қонунҳо ва принсипҳои эҳтироми мутақобил, ҳамкорӣ ва манофеи муштарак мепардозад.

Ин принсипҳо асосан бо принсипҳое, ки Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин онро “қонуни ҷангал” меномид, яъне рӯйкарди Ғарб дар ҳокимияти зӯр ва беэҳтиромии мутақобил, тафовут доранд”.

Боширов дар рамзкушоии суханони Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия дар бораи дастёбии Путин ва Си ба як тавофуқи муҳим низ гуфт: “Ин тавофуқ дар иртибот бо лоиҳаи “Қудрати Сибир 2” аст: зоҳиран нишондиҳандаҳои асосии он дар дидори раҳбарони ду кишвар мавриди тавофуқ қарор гирифтааст.

Вай ёдовар шуд: “Қудрати Сибир 2” хатти лӯлаест, ки гази Русияро аз тариқи қаламрави Муғулистон ба Чин интиқол хоҳад дод. Музокироти марбут ба ин хатти лӯла фавран пас аз роҳандозии аввалин хатти лӯлаи гази “Қудрати Сибир” оғоз шуда буд ва аммо бо сабаби ихтилофи назар дар бораи хароҷот, масир ва шартҳои таҳвил ба таъхир афтод.

Аз он ҷо ки хатти лӯлаи «Қудрати Сибир 2” ба таъмини энергетикаи дохилии Муғулистон низ кумак хоҳад кард, он бисёр печидатар аз хатти лӯлаи “Қудрати Сибир 1” аст, ки мустақиман газро аз Русия ба Чин интиқол медиҳад.

Нишонаи пешрафт барои иқтисоди Русия

Владимир Захаров, шарқшинос ва муовини собиқи дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай низ ба “Царьград” гуфт: “Сафари раиси ҷумҳури Русия ба Чин метавонад як пешрафт барои иқтисоди Русия бошад, зеро яке аз натиҷаҳои он тавофуқи ниҳоӣ дар бораи хатти лӯлаи гази “Қудрати Сибир 2” буд.

Вай изҳор чунин изҳори назар намуд: “Барномаи музокироти дипломатии Путин ва Си низ ҳамоҳангсозии иқдомҳо дар Созмони Милали Муттаҳид ва таҳкими Созмони ҳамкории Шанхайро дар бар мегирад, махсусан он ки ин созмон барои нишасти сарон дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, омода мешавад”.

Захаров ҳамчунин, ба ҳадафҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии сафари Путин ишора кард ва гуфт: “Дар соли 2024 гардиши тиҷорат байни ду кишвар ба 240 миллиард доллар расид ва қарор аст то соли 2030 ба 300 миллиард доллар афзоиш ёбад”.

Ҷузъиёти дастфишории Путин ва Си

Ва аммо Иля Анишенко, мутахассиси забони имову ишора низ аз диди дигар сафари Путинро баррасӣ кард.

Анишенко бо муқоисаи чигунагии дастфишории Путин ва Си бо тарзи дастфишории раиси ҷумҳури Чин бо ҳамтои амрикоии худ гуфт: “Навъи даст додани Трамп ва Си комилан расмӣ ва корӣ буд, аммо раҳбарони Чин ва Русия дар дастфишории худ нишон доданд, ки робитаи дӯстона доранд.

Вай афзуд: “Равшан аст, ки Си нисбат ба Путин тамоюли бештар дорад ва робитаи онҳо бар пояи эътимоди бештар устувор аст.

Чандин омил ба робитаи дӯстонаи байни Путин ва Си далолат мекунад. Аввал, тарзи даст додани Си бо Путин, ки ӯ ин корро бо ҳар ду даст анҷом медиҳад...

Наворҳои ин дидор нишон медиҳанд, ки раҳбари Чин бозуи рости раҳбари Русияро аз оринҷ гирифтааст.

Нуктаи дувум ин аст, Си ба Путин иҷоза медиҳад, ки хеле бештар аз дигар раҳбарон ба ӯ наздик шавад.

Си ҳангоми дастфишорӣ Трампро дар фосила нигоҳ дошт, аммо дар вақти даст додан бо Путин, аз панҷ то даҳ сантиметр ба Путин наздиктар шуд”.

Ин коршиноси рус гуфт: “Бадани Си ҳангоми даст додан бо Путин каме ба самти ӯ моил аст, аммо вақте ки ӯ чанд рӯз пеш дар Пекин бо Трамп салом мекунад, бадан ва сараш каме ба қафо моил аст ва ин нишон медиҳад, ки таниш ва рӯёрӯӣ бо Трамп бештар аст ва Си ба ӯ эътимоди камтар дорад”.

Бо вуҷуди ин, сухангӯи Кремл дар суханоне ҳамзамон бо оғози музокироти раҳбарони Русия ва Чин дар қолаби густарда бо ҳузури ҳайатҳои баландпояи ду кишвар дар Пекин, аз расонаҳо хост, ки аз муқоисаи маросимҳои марбут ба сафари Путин ва Трамп, ки бо фосилаи чаҳор рӯз аз ҳам анҷом шудаанд худдорӣ кунанд ва ба моҳияти ҳамкориҳои анҷомшуда дар сафарҳо таваҷҷуҳ намоянд.

Дмитрий Песков дар посух ба саволе дар ҳошияи музокироти президентҳои Русия ва Чин дар Пекин афзуд: “Ҷанбаҳои маросимии сафарҳои Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Доналд Трамп, раҳбари Иёлоти Муттаҳида наметавонад асосе барои муқоиса ё натиҷагирӣ бошад”.

Вай таъкид кард: “Ончи дар ин сафарҳо арзишманд аст, моҳияти ҳамкориҳое аст, ки сурат мегирад.

Барои кишварҳои шарқӣ, ки Русия низ то ҳадде як кишвари шарқӣ аст масъалаи маросим аҳамияти вижа дорад, аммо нуктаи муҳим худи ҳамкориҳои ду тараф аст”.

Вай изҳор дошт: “Агар суханони президентҳоро дар оғози музокирот дар қолаби маҳдуд таҳлил кунед, мефаҳмед, ки ҳар ду тараф барои равобити ду кишвар аҳамияти зиёд қоиланд”.

Бархе манобеи хабарӣ пештар бо ишора ба ин, ки нахуствазири Чин дар сафари рӯзҳои ахири Доналд Трамп ба Пекин дар фурудгоҳ аз раиси ҷумҳури Амрико истиқбол кард ва дар сафари Путин вазири корҳои хориҷаи Чин барои истиқболи раҳбари Русия дар фурудгоҳ ҳузур дошт, матолибе нашр карда буданд.

Бо ин вуҷуд, Пекин барои ҳар яке аз раҳбарони Русия ва Амрико маросими комили истиқболи расмӣ, қолини сурх, пешвозгирии ансамблҳои рақсу суруд ва кӯдакони чинӣ дар майдони Тянанмэн баргузор кард.

Шумораи аъзои ҳайати Русия нишондиҳандаи тамоюли ду кишвар барои таҳкими шарикии стратегӣ

Сергей Санакоев, раиси Маркази таҳлилии Русия ва Чин низ бо ишора ба шумори зиёди мақомот ва фаъолони тиҷоратии бахшҳои давлатӣ ва хусусии Русия дар ҳайати ҳамроҳи Путин ба “Федерал Пресс” гуфт: “Шумораи аъзои ин ҳайат нишондиҳандаи тамоюли Маскав ва Пекин барои таҳкими шарикии стратегии худ аст.

Маскав ва Пекин дар ҳоли ҷамъбасти натиҷаҳои ҳамкории тӯлонии худ ва ҳамзамон таҳияи барномаҳо барои даҳсолаҳои оянда ҳастанд.

Вай идома дод: “Ин кишварҳо тадриҷан аз тиҷорати суннатӣ ба сӯи иттиҳодҳои мураккабтари технологӣ, рушди зерсохтҳо ва густариши ҳамкорӣ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ташаббуси “Як камарбанд як роҳ” дар ҳоли гузариш мебошанд”.

Санакоев таъкид кард, ки Русия ва Чин қариб, ки долларро дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил канор гузоштаанд, ки ин амр роҳи рушди бештари табодули иқтисодиро ҳамвор мекунад.

Ҳушдори “Қудрати Сибир 2” барои ояндаи энергетикаи Аврупо

Расонаҳои Русия, инчунин, изҳороти коршиноси олмониро бозтоб доданд, ки паёмадҳои фоҷиаборро аз тавофуқҳои нави байни Русия ва Чин барои қитъаи Аврупо пешбинӣ мекунад.

Адриан Гайгес, коршиноси Чин ва Русия дар ин бора ба канали “Билд на русском”, расонаи олмонӣ ба забони русӣ гуфт: “Хатти лӯлаи гази “Қудрати Сибир 2” то 50 миллиард метри мукааб газ дар сол ба Чин таъмин хоҳад кард ва ба Русия кумак мекунад, ки бозори аздастрафтаи Аврупоро ҷойгузин кунад.

Ин вазъ метавонад ба маънои афзоиши нархи энержӣ барои Аврупо ва ҳамчунин, паёмадҳои ногувор дар суботи геополитикӣ бошад”.

Вай идома дод: “Бо ниҳоӣ шудани қарордоди хатти лӯлаи “Қудрати Сибир 2”, гази Русия барои ҳамеша аз бозори Аврупо нопадид хоҳад шуд ва дар он сурат Аврупо ба гази табиии моеъ вобаста мешавад, ки истеҳсол ва интиқоли он ба таври қобили таваҷҷуҳ гаронтар аст”.

Гайгес идома дод: “Нархҳои баландтари энержӣ хароҷоти тавлиди дарозмуддатро афзоиш медиҳад ва рақобатпазирии саноатиро заиф мекунад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.