Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Мулоқоти Сарвари давлат бо Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу
20-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар вохӯрӣ таваҷҷуҳ ба ҳамкории дуҷониба дар ҳар се самти асосии кори Созмон ҷанбаҳои низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ равона карда шуд.
Зимни мулоқот Сарвари давлат таъкид доштанд, ки "мо кӯшиш мекунем то барномаҳо ва лоиҳаҳои дар Тоҷикистон амалишаванда ба ниёзҳои воқеии мардуми мо ҷавобгӯ бошанд".
Манбаъ меафзояд, ки татбиқи лоиҳаҳо оид ба пешгирӣ аз ҷиноятҳои киберӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, такмили расмиёти гумрукӣ ва мубодилаи иттилоот ҳамчун аз авлавиятҳо номида шуданд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ба омодагӣ ба ду конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии об ва мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ки мутаносибан дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар Душанбе ва Ню-Йорк баргузор мешаванд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Ҳамчунин, доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихоботӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, мубориза бо савдои инсон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳкими иқтидори воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ сурат гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”