Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Оғози Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон
Тавре ки Вазорати фарҳанги кишвар хабар медиҳад, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳайати дипломатӣ, аҳли фарҳангу санъат, намояндагони ҷомеаи синамо, зиёиёни эҷодиву илмии ду кишвар ва дӯстдорони кино иштирок намуданд.
“Зимни маросим вазирони фарҳанги ду кишвар таъкид карданд, ки баргузории Рӯзҳои кинои тоҷик ҷузъи муҳими ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистону Қирғизистон буда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ду халқи бародар мусоидат менамояд”, - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар доираи Рӯзҳои кино дар кинотеатри «Ала-Тоо» намоиши филмҳои бадеии тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, филмҳои «Ҳаёт зебост», «Қисса дар бораи Рустам» «Роҳи ғазаб» ба намоиш гузошта мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”