Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Хоки рамзӣ аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон ба Душанбе оварда мешавад
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18-уми майи соли 2026 дар оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва маросими тантанавии қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид.
Манбаъ менависад, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд. Аз ҷониби Русия дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин ва намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ширкат варзиданд.
“Иқдоми қабул ва овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, рӯйдоди муҳиме дар партави сиёсати давлатӣ дар масири барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба хотираи миллӣ арзёбӣ мегардад. Он ҳамчунон таҷассумгари пайвастани маънавии чеҳраҳои таърихӣ бо Меҳан аст, ки ҳаёти худро ба хидмати мардум бахшиданд”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонон имрӯз, 19-уми май ба Душанбе оварда шуда, ҳамчун рамзи ворисии наслҳо ва робитаи ногусастании гузаштаи таърихӣ бо имрӯзу ояндаи кишвар, бахше аз маҷмааи миллии ёдгорӣ хоҳанд шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”