27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
17.05.2026 09:59

Дархости 200 дипломати собиқи Канада барои таҳрими Исроил

Наздик ба 200 нафар аз дипломатҳои собиқи Канада хостори ҷорӣ намудани таҳримҳо бар зидди Исроил шуданд.

Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ наздик ба 200 нафар аз дипломатҳои давлатӣ ва собиқи Канада бо ирсоли номае ба давлати ин кишвар, хостори ҷорӣ намудани таҳримҳо бар зидди Исроил ва бознигарӣ дар созишномаи тиҷорати озод миёни ду тараф шуданд.

Ин мавзеъгирии бесобиқа аз сӯи ҷомеаи дипломатӣ ва сиёсатмадорони Канада дар замони авҷи фишорҳои байналмилалӣ бар Тел-Авив ва афзоиши интиқодҳои афкори умумии дохили Канада нисбат ба сиёсатҳои ин кишвар шакл гирифтааст.

Имзокунандагони ин нома, ки ба он сафирон ва кордорони собиқи ин кишвар дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ҳастанд, муътақиданд тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Канада ва Исроил (CIFTA), ки аз соли 1997 иҷро мешавад ва дар соли 2019 тамдид ёфтааст, набояд шомили молҳо ва хадамоти тавлидшуда дар шаҳракҳои ғайриқонунии Каронаи Бохтарӣ шавад.

Аз назари таҳлилгарони сиёсӣ ин иқдом нишондиҳандаи як чархиш дар сиёсати хориҷии Канада аст.

Гуфтанист, ки Канада яке аз муттаҳидони наздики Исроил дар Ғарб ба шумор меравад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.