Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Нишасти БРИКС. Ироқчӣ: “Эрон ҳамеша муҳофизи амнияти тангаи Ҳурмуз хоҳад буд”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, дар дидор бо Субраманям Ҷайшанкар, вазири корҳои хориҷаи Ҳинд гуфтааст, ки Эрон ҳамеша вазифаи таърихии худро ба ҳайси муҳофизи амният дар тангаи Ҳурмуз анҷом хоҳад дод.
Ироқчӣ рӯзи ҷумъа, 15-уми май дар сафҳаи корбариаш дар шабакаи иҷтимоии “Х” гуфтааст, ки дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои БРИКС дар Ҳинд, бо вазири хориҷаи ин кишвар дар бораи таҳаввулоти минтақаӣ баҳс кардааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки Эрон шарики қобили эътимоде барои ҳамаи “миллатҳои дӯст” аст, ки метавонанд бар амнияти тиҷорат такя кунанд.
Бо ин ҳол, вазири хориҷаи Ҳинд низ бо нашри хабарномае дар саҳифаи корбариаш дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки бо Ироқчӣ дар бораи вазъияти Ғарби Осиё ва паёмадҳои он баҳс кардааст.
Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои БРИКС дар Ҳинд ҳамзамон бо идомаи танишҳо миёни Амрико ва Эрон баргузор шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”