27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
16.05.2026 09:35

Ихтилоф дар муносибатҳои Абузабӣ ва Тел-Авив баъд аз ифшои сафари Нетаняҳу

Расонаҳои исроилӣ аз сар задани ихтилоф миёни Абузабӣ ва Тел-Авив дар пайи ифшо шудани сафари Нетаняҳу ба Иморот гузориш медиҳанд.

Ба гузориши шабакаи исроилии “i24” ба нақл аз як манбаи огоҳ Иморот ба далели фош шудани ин сафар тавассути Нетаняҳу, паёми эътирозии шадиде ба Исроил ирсол карда ва ёдовар шудааст, ки паҳн намудани иттилоот аз дафтари нахуствазири Исроил, омили аслии коҳиши сатҳи иртиботот бо ӯ дар тӯли солҳои гузашта будааст.

Бар асоси гузориши расонаӣ, ҳарчанд Иморот изҳороти тарафи исроилиро рад ва ҳар гуна сафари мақомоти ин режим ба хоки худ дар ҳафтаҳои гузаштаро ба таври қотеъ инкор кард, аммо расонаҳои ибризабон бо ифшои сафари дигари раиси ситоди муштараки артиши Исроил ба Абузабӣ дар рӯзҳои гузашта, талош карданд, то “равған бар оташи” он бирезанд. Ин таниш замоне шуълавар шуд, ки дафтари нахуствазири Исроил эълом кард, ки Бенямин Нетаняҳу дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, як “сафари махфиёна” ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ доштааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.