27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
15.05.2026 10:24

Расонаҳои Исроил: Иморот аз тарси Эрон сафари Нетаняҳуро рад кард

Расонаҳои исроилӣ гузориш додаанд, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз тарси Эрон сафари Нетаняҳу ба ин кишвари арабиро рад кардааст.

Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ дар шароите, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гузоришҳо дар бораи дидори махфиёнаи Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар ҷараёни ҷанг бо Эронро рад кард, “Канали 12”-и телевизиони Исроил мегӯяд сабаб ин радкунӣ, тарси Абузабӣ аз авҷ гирфитани таниш бо Теҳрон дар сурати ошкор шудани ҳамоҳангиҳои пасипарда бо Исроил аст.

Ба гузориши шабакаи “Ал-Маёдин” ҷанҷол замоне оғоз шуд, ки дафтари Нетаняҳу эълом кард нахуствазири Исроил дар ҷараёни ҳамлаҳо ба Эрон, махфиёна ба Иморот сафар карда ва ин дидорро “дастоварди таърихӣ” дар равобити ду тараф тавсиф кард. Иморот аммо зуд ин гузоришҳоро рад кард.

Тарс аз Эрон

Бар асоси ин гузориш, мақомоти Иморот нигарон аз онанд, ки фош шудани ҳамоҳангиҳои иттилоотӣ ва амниятӣ бо Исроил, ин тасаввурро тақвият мекунад, ки Абузабӣ мустақиман дар таҷовуз ба Эрон иштирок дорад.

Ин ҳассосият пас аз он афзоиш ёфт, ки бандари Фуҷайра аввалҳои моҳи ҷорӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифт: ҳамлае, ки Эрон онро рад кард ва ба Амрико нисбат дод. Ин ҳодиса тарси Иморотро аз ин барангехт, ки шарикии стратегӣ бо Исроил, ин кишварро дар маърази мухолифатҳои мустақими Эрон қарор диҳад.

Фуҷайра яке аз муҳимтарин пойгоҳҳои таъминоти сӯзишворӣ ва логистикии дарёии ҷаҳон дар хориҷ аз тангаи Ҳурмуз аст ва зерсохти ҳаётӣ барои бозорҳои ҷаҳонии энергетикӣ ва роҳҳои киштиронӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамоҳангии низомии густарда бо вуҷуди инкорҳо

Бо вуҷуди инкорҳои расмӣ, гузоришҳои исроилӣ ва ғарбӣ аз ҳамоҳангии низомии рӯзафзуни Иморот ва Исроил дар давоми ҷанг ҳикоят доранд. Ба гуфтаи ин гузоришҳо, Исроил сомонаҳои “Гунбади оҳанин” ва Персонали низомии худро дар хоки Иморот мустақар карда, то дар раҳгирии мушакҳо ва паҳподҳои Эрон кумак кунанд.

Майк Ҳакабӣ, сафири Амрико дар Исроил дар рӯзҳои аввали ин ҳафта ин истиқрорро таъйид кард ва онро бахше аз “робитаи фавқулода”-и эҷодшуда дар чорчӯби “Созишномаи Иброҳим” номид.

“Волл-стрит журнал” низ гузориш дод, ки Довид Барнеа, раиси Моссод дар давоми ҷанг борҳо ба таври махфиёна барои ҳамоҳангии низомӣ ва иттилоотӣ ба Иморот сафар кардааст. Ба гуфтаи ин гузориш, пас аз дастёбии ин ҷузъиёт аз ҷониби матбуоти Исроил, ин таҳаввулот боиси ноумедӣ дар Абузабӣ шудааст.

Гузоришҳои дигари “Волл-стрит журнал” (Wall Street Journal) низ ошкор кард, ки Иморот дар замони ҷанг ба таври махфиёна ҳамлаҳоеро дар дохили Эрон анҷом додааст, аз ҷумла ҳамла ба як полоишгоҳ дар ҷазираи Лован дар Халиҷи Форс.

Ҳушдорҳои тунди Эрон ба кишварҳои арабӣ

Ин иттилоотҳо боис шудааст мақомоти эронӣ ба кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ки ба ҳамсӯӣ бо Вошингтон ва Тел-Авив муттаҳам мешаванд, ҳушдорҳои тундтаре бидиҳанд. Рӯзи 8-уми май, Алӣ Хизриён, намояндаи Маҷлиси Эрон ба Иморот ҳушдор дод, ки Теҳрон ҳанӯз бо ин кишвар “кори нотамоме” дорад ва онҳо бояд аз “давраи халоъи оташбас” истифода кунанд.

Ҳамин гуна бештари мақомоти эронӣ ба давлатҳои арабӣ дар бораи ҳимоят аз Амрико ва Исроил ҳушдор додаанд. Иброҳим Ризоӣ, намояндаи Маҷлиси Эрон таъкид кардааст, ки Теҳрон иҷозаи ташкили “меҳвари Иморот –Исроил” дар минтақаро нахоҳад дод.

Фишор бар равобити одишуда бо Исроил

Таҳлили расонаҳои исроилӣ нишон медиҳад, ки Абузабӣ беш аз пеш тамоюл дорад, равобити худ бо Исроилро дар чорчӯби “Созишномаи Иброҳим” нигаҳ дорад. Яъне намехоҳад, ки ба ҳамоҳангиҳои пасипарда дар замони ҷанг муттаҳам шавад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҷанҷол нишон медиҳад, ки давлатҳои арабӣ, ки бо Исроил равобити одӣ доранд, бо чолишҳои сиёсӣ ва амниятии густардае рӯбарӯ ҳастанд. “Канали 12”-и Исроил хулоса мекунад, ки ин инкоркунӣ дар талош аст паём диҳад, ки Иморот ривояти расонаии равобит бо Исроилро дар контроли худ дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.