Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Сафари давлатии Президенти мамлакат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Имрӯз, 14-уми май сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт.
Гуфта мешавад, ки аз 11-ум то 14-уми май Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, дар доираи сафари давлатӣ Роҳбари кишвар дар шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин бо роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя, як гурӯҳ намояндагони воломақоми Чин мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро муҳокима намуданд.
Афзуда мешавад, ки аз рӯйи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид.
“Рӯйдодҳои муҳими сафари давлатӣ - имзои санадҳои муҳим - Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ ва аз тарафи Шурои илмии Донишгоҳи Пекин бо унвони Профессори фахрӣ сарфароз гардонидани Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”