Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ҳушдори раиси ҷумҳури Чин ба Трамп дар бораи Тайван
Расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар дидор бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар бораи масъалаи Тайван ҳушдор додааст.
“Вол-стрит журнал” рӯзи 14-уми май гузориш додааст, ки ҳушдори раҳбари Чин ба Трамп дар бораи Тайван, нишондиҳандаи вуҷуди таниш дар равобити миёни Чин ва Амрико аст.
Бар асоси гузориш, Си Ҷинпин гуфтааст, ки ҳар гуна сӯимудирият дар мавриди Тайван метавонад ба “вазъияти бисёр хатарнок” сабаб шавад.
Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки матраҳ шудани ин мавзуъ аз сӯи раиси ҷумҳури Чин метавонад равобити ду кишварро ба чолиш бикашад ва ҳолу ҳавои дидорҳои раҳбарони ду кишварро тира кунад.
Ирсол ва фурӯши силоҳ ба Тайван аз сӯи Амрико яке аз мавридҳои ҳассос дар гуфтугӯ миёни Трамп ва раиси ҷумҳури Чин будааст.
Вазорати хориҷаи Тайван дар баёнияе гуфтааст, ки “танҳо хатари мавҷуд” барои минтақа, Чин аст.
Пекин Тайванро бахше аз хоки худ медонад ва ҳассосияти болое нисбат ба он дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”