Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Доналд Трамп ва Си Ҷинпин бар эҷоди равобити созанда ва пойдор мувофиқат карданд
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин бар сари барқарории як равобити созанда, стратегӣ ва пойдор байни Вашингтон ва Пекин ба унвони мавқеияти ҷадиди равобити ду кишвар тавофуқ карданд.
Вазорати хориҷаи Чин рӯзи 14-уми май гуфтааст, ки ин мавқеият раҳнамои стратегӣ барои равобити Пекин ва Вашингтон дар се соли оянда ва фаротар аз он хоҳад буд.
Ба гуфтаи ин вазорат, Си ба Трамп гуфтааст, ки тимҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар ба натиҷаи мусбат даст ёфтаанд ва ҳар ду тараф бояд талош кунанд, то “раванди мусбати бо заҳмат бадастомадаро ҳифз кунанд”.
Си Ҷинпин таъкид кардааст, ки Амрико ва Чин дар муқоиса бо ихтилофот, манофеи муштараки бештаре доранд.
Раиси ҷумҳури Чин бар ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ ва эҷоди фасли ҷадиде дар равобит бо Амрико таъкид кардааст.
Трамп дар ин дидор, Си Ҷинпинро “раҳбари бузург” хонда ва бар таҳкими равобит бо Чин таъкид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”